Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:30

Ҳукумати шаҳри Душанбе озмуни такрорӣ эълон кард

7 январ 2013, 05:09

Ҷиҳати дарёфти беҳтарин лоиҳаи таҷҳизонидани иншооти «Беморхонаи бисёрсоҳавӣ дорои 650 кат бо дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст» ва «Осоишгоҳ барои 200 ҷой» бо таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ ин озмун такроран баргузор мешавад.

Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ҳукумати пойтахт иттилоъ доданд, тибқи шартҳои озмун, аснои таҳияи бахши технологии лоиҳа довталабон бояд истифодаи таҷҳизоти  муосири ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пешбинӣ намуда, дар таҳияи он аз кори мутахассисони ҳирфаӣ истифода баранд.

-Аснои муайян намудани ташкилоти таҳиягари лоиҳа таҷрибаи корӣ дар ин соҳа ва малакаҳои тахассусии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ барои минбаъд таҷҳизонидани иншоот бо технологияи муосир ба инобат гирифта мешавад,-афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, барои баҳогузории холисона ин озмун таҳти раёсати Нусратулло Салимов, вазири тандурустии ҷумҳурӣ комиссияи вижа таъсис ёфтааст.

Маврид ба ёдоварист, озмуни қаблан эълоншуда бо сабаби ҷавобгӯ набудани лоиҳаҳои пешниҳодшуда ба шартҳои зарурӣ бенатиҷа анҷом ёфт.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!