Бахшҳо

Мақомоти корҳои дохилӣ бояд ба Кумитаи андоз «маълумотнома» пешниҳод намоянд

Имрӯз, 7 январ дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН   ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, аснои нишаст чанд масъалаи марбут ба ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳури мавриди баррасӣ қарор гирифт: « Аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ»,протокол оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишномаи Марокаш доир ба таъсисёбии СҶТ, лоиҳаи қарори МН «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дастури Маҷлиси намояндагон»,  «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ».   

Раисони кумитаҳои МН- Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов, Азизмат Имомов зимни баромади хеш оид ба масъалаҳои мазкур иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» ҷиҳати иҷрои Барномаи ислоҳоти аграрӣ, бо мақсади мутобиқ намудани баъзе меъёрҳои қонуни мазкур ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» ва такмили он бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.   

Қайд гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова қонун «Дар бораи милитсия» бо мақсади мутобиқ намудани қонуни мазкур ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардидааст. Тибқи лоиҳаи мазкур мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба Кумитаи андоз маълумотнома оид ба додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда, ё ин ки мӯҳлати амалашон баохиррасида  ирсол намояд.  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)