Бахшҳо

Девонаев бурду бохти хадамотро муҳокима кард

Дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи хадамоти мазкур оид ба ҷамъбасти соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013 баргузор гардид.

Дар ҷаласа Нуриддин Исматов, мудири бахши муҳоҷирати меҳнатии шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи президент, Сафиалло Девонаев, сардори хадамот, Анвар Бобоев, муовини якуми сардор ва дигар масъулини Хадамоти муҳоҷират ширкат намуданд.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин нишаст  маърӯзаи сардорони раёсатҳои Хадамоти муҳоҷират дар вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, инчунин раёсати ВМКБ оид ба танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ва бахусус дар Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори иловагии меҳнат, ҷараёни касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ шунида шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷаласа вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон будубош менамоянд, шунида шуд ва бурду бохти раёсатҳои мазкур аз сӯи роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Манбаъ мегӯяд, Нуриддин Исматов дар ин ҳамоиш оид ба проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, омору арқом ва шумораи нодурусти баъзе ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки дар соҳаи муҳоҷират кору фаъолият доранд ва ҳангоми пешниҳоди маълумотҳо ба хатогиҳо роҳ медиҳанд, ибрози андеша кард: «Ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкориҳо бо субъектҳои хоҷагидор, беҳтар намудани самтҳои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират бо диаспораҳо фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, ҷиҳати ба танзими раванди муҳоҷират, буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҷустуҷӯ ва кашфи бозори меҳнати кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ, омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва арабӣ, касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, тавсеаи равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо ба рушди иқтисодиёти мамлакат, назорати риояи қонунгузории амалкунанда аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистонро таъкид намуд».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)