Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:44

«Кохи нуру кохи меҳр» ба нашр расид

7 январ 2013, 06:36

Ахиран, китоби Самиюлло Сайфуллоев тахти унвони  «Кохи нуру кохи меҳр бошанд з-умраш ёдгор» аз чоп баромад.

Ин асар ба ҳаёт ва фаъолияти собиқ раиси шаҳри Норак Яҳё Мирфозилов бахшида шудааст. Дар пешгуфтор он аз ҷумла омадааст, ки зиндагиномаи Мирфозилов барои ҷавонон ибратомўз буда, намунаи олии садоқат ва хизмат ба Ватан мебошад.

Ҳамзамон, шоир Низом Қосим менависад: «Ҳар гоҳе, ки ба Норак меравам, ё номи пуровозаю пурифтихори онро мешунавам, дар қатори мардони нурониву нурофари ин шаҳри машҳуру ин кохи беназири нур «раисии Мирфозилов» -ро ба некӣ ёд мекунам».   Дар бораи ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии Яҳё Мирфозилов инчунин вакили Маҷлиси намояндагон Шакарбек Самадов, адибон Ҳоҷӣ Содиқ, Ҷамолиддин Тошматов,  Сироҷиддин Осимӣ, Ҳоҷӣ Турсунпўлод Амини Истаравшанӣ ва Б. Елманов  хотираҳои неки худро иброз доштаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!