Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:46

Арабистон диктатортарин кишвар аст

7 январ 2013, 06:57

Созмони эътилофи байналмилалии мубориза бо фирор аз муҷозот, Арабистонро яке аз дитатортарин кишварҳо тавсиф кард.

Ба гузориши "Форс", ба нақл аз хабаргузории Ал-ҷазира Ал-арабия, Алхунсоъ, раиси созмони байналмилалии эътилофи мубориза бо фирор аз муҷозот дар суханоне гуфт: Арабистони Саъудӣ диктатортарин кишварҳо аст, ки насликушии созмон ёфта алайҳи гуруҳҳои муъайянро дар корномааш дорад ва ғарбиҳо ба хотири он ки Оли Саъуд ризояти хотири Исроилро ҷалб мекунад, чашм бар ҷиноёти ин режим бастаанд.

Номбурда афзуд, Арабистон алорағми  он ки парвандаи сиёҳе дар Созмони милал дорад, ҳамчунон сиёсатҳои хушунат , зулм, ситам ва табъизро идома медиҳад , зеро Оли  Саъуд  Исроилро розӣ нигаҳ медоранд. Алхунсоъ таъкид кард: Арабистон Саъудӣ яке аз ғайридемократитарин кишварҳо ва диктатортарини онҳо аст ва парвандаҳояш дар Созмони милал ин мавзуъро ба хубӣ нишон медиҳад, Вай идома дод, ин кишвар ҷурмҳои гуногуни ғайри инсониро, аз ҷумла хушунат, зулм, ситам ва табъизи тоифаӣ,  ки ҳамагӣ тибқи қавонини байналмилалӣ, ҷурм ҳастанд, муртакиб шуда аст, аммо боз ҳам ба ин иқдомоти худ идома медиҳад, зеро Исроилро розӣ нигаҳ дошта аст.

Раиси созмони байналмилалии эътилофи мубориза бо фирор аз муҷозот, ҳамчунин ба фақари шадид дар Арабистон ишира кард ва гуфт: афроди зиёде нестанд, ки ҷуръати эътироз ба ин вазиятро дошта бошанд.Вай ҳамчунин аз бисёре аз расонаҳо ба хотири огоҳ накардани афкори умумӣ аз ин вазъият дар Арабистон  ва кумак ба касоне, ки зери хати фақр  дар ин кишвар ба сар мебаранд, интиқод кард.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!