Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:46

Футбол: Омодагии тими мунтахаби Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2013

7 январ 2013, 10:10

Дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) давраи дуюми омодагиҳоро ба Ҷоми Иттиҳод-2013 оғоз кард.

Ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби  ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев то рӯзи 15-уми январ дар шаҳри Норак идома хоҳад кард. Дар ин давра футболбозони ҷавони тоҷик ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳанд. Рӯзи 9-уми январ мунтахаби ҷавонон бо дастаи лигаи олӣ- “Хайр”-и Ваҳдат бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат соати 14 оғоз меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки ба дастаи мунтахаб 23 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев («Истаравшан»-и Истаравшан),  Саидҷон Саидраҳмонов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду –«Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгарон - Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»-и Душанбе), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду - «Энергетик»-и Душанбе), нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев, Вайсиддин Сафаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов («Равшан»-и Кӯлоб), Фирдавсӣ Қурбонов,  Толиб Султонов (ҳарду – «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду - «Энергетик») шомил шудаанд.

Гуфтанист, Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 18-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад, футболбозони соли таваллудашон 1991 ва аз он хурд иштирок мекунанд.Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба се гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Беларус, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Нахустин бозиро футболбозони ҷавони тоҷик 18-уми январ бо мунтахаби Эстония анҷом медиҳанд.

Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд. Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳад гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!