Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:03

Раиси Шӯрои адлия: Дар Тоҷикистон шиканҷа ҷой дорад

7 январ 2013, 10:57

Шӯрои адлияи Тоҷикистон омори дақиқ дар мавриди  кам ва ё зиёд шудани шиканҷаро дар миқиёси ҷумҳурӣ надорад.

Зафар Азизов, раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон имрӯз, 7-уми январ зимни нишасти матбуотии шӯрои мазкур иброз дошт, ки шиканҷа таҳти назорат ва омӯзиш қарор дорад ва мутаасифона чунин амали номатлуб дар дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад.

Номбурда илова намуд, ки соли гузашта вобаста ба шиканҷа ду парвандаи ҷиноятӣ ба шӯро ворид гардидааст, ки ки дар солҳои қаблӣ низ парвандаҳо роҷеъ ба шиканҷа ба назар мерасид ва дар сурати тасдиқ ва ё инкор шуданашон ҷазо пешбинӣ мегардид.

Раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон таъкид кард, ки дар кишвар шиканҷа ҷой дорад ва тамоми мақомотҳои вобста ба ин кор сари ин масъала фаъолият доранд.

Зафар Азизов мегӯяд, пешниҳоди маълумот вобаста ба афзоиш ва ё коҳиш ёфтани шиканҷа имкон дорад ва  тибқи  таҳлил ва корҳое, ки феълан дар ин маврид идома доранд, ояндаи наздик муайян хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!