Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 13:49

Нуриддин Саидов: Хати форсӣ мардумро бесавод мекунад

7 январ 2013, 11:25

Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори гузаштан ба хати форсӣ нест.

Номбурда ин нуктаро зимни як нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт ва илова кард, ки дар ҳамин марҳилае, ки ҷомеаи Тоҷикистон айни ҳол қарор доранд, гузаштан ба хати форсӣ, ин сар то сар мушкили эҷод кардан мебошад.

Вазири маориф иброз доштааст, ки Тоҷикистон як бор не, ду-се маротиба  ин марҳиларо санҷида баромадааст: «Мо медонем, ки ин чи маъно дорад ва як бори дигар бесавод кардани мардуми мо, як бори дигар эксприменти таърихие, ки 3 бор гузаронида шуд. Ин бори чаҳорум мебошад, камоли беэҳтиётӣ нисбати мардум мебошад».

Саидов таъкид кард, ки гузаштаро ҳатман омӯхтан ва дар хотир гирифтан лозим, чунки ин хотираи инсон мебошад, шахсе, ки гузаштаро намеомӯзад ва хотира надорад манқур мебошад.

Вазири маориф мегӯяд, ӯ тарафдори он ҳаст, ки дар мактабҳо  «Алифбои ниёгон» ҷиддӣ тадрис карда шаваду  ҳар як зиёии тоҷик хати форсӣ-араби асосро донад ва таҳқиқоти илмӣ барад: « Лекин аз ҷиҳати иқтисодӣ дар  ҷомеаи мо гузаштан ба хати форсӣ ба манфиати мо намебошад».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бе ин хам халк бесавод. Шояд ба алифбои форси гузарем халк саводноктар шавад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!