Бахшҳо

Авзоъ дар ноҳияи Сух таҳти назорати президенти Қирғизистон қарор дорад

Дар ин бора Шӯрои мудофиаи ҷумҳурии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Ниҳоди мазкур ахиран бо пахши як баёния дар мавриди танишҳо дар минтақаи марзии  Қирғизистон ва Ӯзбакистон авзоъро ба таҳлил кашидааст. Дар ин баёния "сӯитафоҳум ва ҳамоҳанг нашудани фаъолияти марзбонони ду кишвар" сабаби низоъ миёни марзбонони қирғиз ва сокинони деҳаи Ҳушёрии минтақаи Сух дар Ӯзбакистон унвон гардидааст.

Дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ки марзбонони қирғиз дар ин минтақа машғули бунёди хати интиқоли барқ буданд, вале "мушаххас набудани хати марз ва ҳамоҳанг нашудани кори марзбонон миёни тарафҳо, сабабгори норозигии сокинони деҳаи Ҳушёрӣ шудааст».

Дар идома Шӯрои мудофиаи Қирғизистон менависад, "рафтори хушунатомез" ва "истифода аз зӯр" аз сӯйи марзбонони ӯзбак ва ҳамла ба гузаргоҳи марзӣ, низомиёни қирғизро "маҷбур кард, то ба ҳаво тир андозанд».  

Баёния таъйид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 сокини Қирғизистон ба сурати ғайрирасмӣ дар қаламрави Сух дар боздошт қарор доранд. Таъкид шудааст, ки ҷониби Узбакистон амнияти онҳоро замонат додааст.

Ба иттилоъи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир, гузаргоҳҳои марзии минтақаи Сух   муваққатан баста шуданд. Қаблан гузориш шуда буд, ки ҳудуди 40 нафар аз шаҳрвандони Қирғизистон дар ҷараёни даргириҳо дар минтақаи Сух гаравгон гирифта шуда ва 14 нафари онҳо, ки асосан занон ва кӯдакон будаанд, дар пайи музокираи тарафҳо озод шуданд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)