Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

6 медали тиллоии варзишгарони тоҷик

8 январ 2013, 05:14

Охири моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Волгогради Русия мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи карате-до (намуди шотокам) сурат пазируфт.

Тавре Муродалӣ Тешаев, сухангӯӣ КМО-и Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, дар ин сабқат варзишгарони тоҷик низ ширкат карда, соҳиби 14 медал гардиданд: «Онҳо дар вазнҳои мухталиф баромад карда, 6 медали тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ гирифтанд».  

Манбаъ афзуд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 10 кишвар ҳунарнамоӣ карда, теъдоди умумии онҳо беш аз 150 нафарро дар бар мегирифт. Аз Тоҷикистон инҳо барандагони медалҳои тиллоӣ маҳсуб мегарданд: Азизҷон Худойбердиев дар вазни 35 кг, Илҳом Мирпочоев дар вазни 55 кг, Далер Баротов дар вазни 67 кг ва Дилшод Аҳмадов дар вазни 75 кг. Аз миёни варзишгардухтарон бошад, ду нафар: Назира Нозимова дар вазни 54 кг ва   Мавлуда Тӯраева дар вазни 67 кг соҳиби медали тилло гардиданд.







Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!