Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:45

«Журналист». Филми нахустини соли нав

8 январ 2013, 05:36

Студияи «Позитив Продакшн» рӯзи 19-уми январ намоиши аввалини филми мазкурро баргузор менамояд.

Тибқи иттилои Қурбони Собир, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки дар филми мазкур яке аз нақшҳои марказиро иҷро кардааст, филм аз саҳнаҳои мухталиф рангоранг буда, он аз рӯи асари «Марги журналист»-и  Хуршеди Атовулло рӯи навор омадааст: «Аъзами Розиқ коргардонии ин филмро ба зимма дошт».

Манбаъ афзуд, зиндагиномаи журналистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар он давра ва мушкилоти иҷтимоию сиёсии шаҳрвандон хати асосии сужаи филмро ташкил медиҳад: «Филм ба ёди онҳое, ки дар талоши ҳақиқат ҷон бохтаанд ва ба хотири онҳое, ки адолатро меҷӯянду ҳақиқат барояшон аз ҳама чиз болост, бахшида мешавад».

Маврид ба ёдоварист, ба ҷуз Қурбони Собир дар ин филм ҳунармандон- Давлат Убайдулло, Нозим Мелик, Моҳпайкар Ёрова ва дигарон нақш бозидаанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!