Миёни қочоқчиёни афғон ва марзбонони тоҷик дар минтақаи сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ даргирӣ ба вуқӯъ пайваст.
Ба иттилои сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон, афроди мусаллаҳ, теъдодашон аз 30 нафар бештар буд, шаби гузашта аз дарёи Панҷ гузашта вориди қаламрави Тоҷикистон шуданд: «Аммо ба муқовимати шадиди марзбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуданд. Аснои тирпарронӣ ду сарбози нерӯҳои марзбонӣ захм бардошта, яке аз онҳо ба ҳалокат расид».
Ба қавли манбаъ, қочоқчиёни афғон аз торикии шаб истифода карда, ба хоки Афғонистон панаҳ бурданд. Аммо дар мавриди кашфу мусодираи маводи мухаддиру силоҳ аз маҳалли ҳодиса то ҳанӯз иттилоъе рӯи даст нест.
Маврид ба ёдоварист, тайи як соли сипаришуда марзбонони тоҷик аз 20 талоши убури ғайриқонунии марз ва қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда, беш аз 3 тонна нашъа ва ба миқдори зиёд силоҳ мусодира карда буданд.
Мӯҳр