Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:41

Дарёфти туфангчаи Макаров аз сокини шаҳри Душанбе

8 январ 2013, 10:48

Дар пайи амалиёти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти  Тоҷикистон миқдори зиёди маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шуд.

Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи  агентии мазкур ба Озодагон иттилоъ  дод, ки муддати дурудароз як сокини 34 солаи пойтахт, ки гумон мерафт ба тиҷорат ва интиқоли мухаддирот сарукор дорад ва мавриди пайгирӣ қарор дошт, рӯзи ниҳоии амалиёт дар ҷараёни кофтуков аз маҳалли истиқоматии ӯ 22 бастаи дорои маводи хамирмонанди дорои бӯи махсус ошкор ва мусодира гардид.

Гуфта мешавад, тибқи хулосаи шӯъбаи ташхиси судии агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари афюн буда, вазнаш ҳудуди 10 килоро ташкил медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, зимни роҳандозии чорабинии дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар хонаи боздоштшуда силоҳи оташфишон, туфангчаи тамғаи Макаров бо тирҳояш кашф ва мусодира карда шуд: “Боздоштшуда  айни замон дар тафқифгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешавад”.

Кормандони агентӣ алоқамандии ӯ бо дигар навъи ҷиноятҳо, манбаи ба даст овардани туфангча ва истифодаи он барои содир намудани ҷурму ҷиноятҳои дигарро тафтишу пайгирӣ доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!