Беҳтарин нишонзани дастаи футболи “Барселона” маротибаи чорум аст, ки беҳтарин футболбози ҷаҳон дониста шуд.
Ҳамлагари тими ”Барселона”-и Испания ва дастаи мунтахаби Аргентина Леон Мессӣ чорумин бор аз сӯи ФИФА ба чаҳорумин “Тӯби тиллоӣ”ва унвони беҳтарин бозингари ҷаҳон даст ёфт.
Федератсияи байналмиллалии футбол Лионел Мессиро рӯзи душанбе футболбози беҳтарини соли 2012 эълон намуда, ба ӯ “Тӯби тиллоии ФИФА”-ро дар маросиме дар шаҳри Сурихии Шветсария тақдим кард.
Леон Мессӣ, ки ҳамагӣ 25 сол дорад қабл аз ин низ солҳои 2009, 2010 ва 2011 унвони беҳтарин футболбози ҷаҳонро касб намуда буд.
Бояд гуф, Мессӣ ягона футболбозест, ки чор маротиба пайи ҳам унвони беҳтарин футболбози ҷаҳонро соҳиб шудааст.
Ёдовар мешавем, ба ҷуз аз Лионел Мессӣ бозигарони дигари пуровоза Андерс Инеста аз Испания ва Криштиану Роналду аз Португалия низ дар феҳристи довталбони ин ҷоиза буданд.
Мӯҳр