Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:38

Тоҷикистон барои интиқоли Умаралӣ Қувватов дархост фиристодааст

9 январ 2013, 07:09

Ин нуктаро Шерхон Салимзода, додситони кулли кишвар рӯзи 9-уми январ зимни як нишасти хабарӣ иброз дошт.

Салимзода қайд намуд, ки бар зидди Умаралӣ Қувватов дар содир кардани як чанд ҷиноятҳо аз ҷониби Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия парвандаи ҷинояти оғоз карда шудааст.

Шерхон Салимзода илова кард, ки чанд рӯз қабл барои истирдоди Қувватов аз Аморати Муттаҳидаи Араб баТоҷикистон дархост фиристода шуд.   

Ёдрас мешавем, ки раҳбари “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов чанд ҳафта қабл дар Дубай боздошт шуда буд. Тибқи хабарҳои паҳншуда  Қувватов бояд аз Дубай ба Брюссел мерафт, вале аз ҷониби мақомоти Аморати Муттаҳидаи Араб дастгир шуд. Умаралӣ Қувватов, раҳбари собиқи ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон”, тобистони соли 2012 баъди тарки кишвар карданаш дар Маскав “Гурӯҳи 24”-ро таъсис дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!