Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:04

Fund for Peace: Тоҷикистон дар мақоми 39-ум қарор гирифт

21 июн 2011, 02:05

Бунёди Сулҳ” (Fund for Peace)  ва маҷаллаи “Сиёсати хориҷии Амрико” (Foreign Policy)  феҳрасти кишварҳои нокомро таҳия ва ахиран интишор карданд.


Бо нашри ин шохиси солона Тоҷикистон низ дар радифи яке аз ин чунин кишварҳо қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, дар ин феҳраст вазъи 177 кишвари ҷаҳон ба баррасӣ гирифта шудааст. Пажӯҳишгарон аслан ба 12 масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишварҳо таваҷҷӯҳ карда ва ҳамчунин то чӣ андоза судовар будани фаъолияти ҳукуматҳоро таҳқиқ кардаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шохиси имсола дар мақоми 39 қарор гирифтааст ва ин дар ҳолест, ки соли гузашта Тоҷикистон дар мақоми 38 қарор дошт. Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои нокоми ҷаҳон аз Ӯзбакистон як зина ва аз Қирғизистон ду зина болотар аст.{jathumbnail off}

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!