Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:46

Ҳомид Карзай бо Борак Обама мулоқот мекунад

9 январ 2013, 09:24

Вашингтон мегӯяд, баъд аз соли 2014 шояд ягон сарбози худро дар қаламрави Афғонистон боқӣ нагузорад.

Бино ба гузориши расонаҳои хабарӣ, Бен Родс, мушовири амнияти миллии Амрико дар бахши равобити стратегӣ рӯзи 8-декабр дар Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфтааст, ки имкон дорад, баъд аз соли 2014 ҳеч сарбози амрикоие дар Афғонистон боқӣ намонад.

Номбурда афзудааст: «Дуруст аст, ки теъдоди сарбозони амрикоӣ пас аз соли 2014 коҳиш меёбад ва ин албатта, тасмими худи райисҷумҳури кишвар аст, ки мехоҳад ба ҷанги Афғонистон тадриҷан хотима бахшад».

Бояд гуфт, ин изҳороти мушовири амнияти миллии Амрико дар ҳолест, ки интизор меравад, Ҳомид Карзай, райисҷумҳури Афғонистон бо ҳамтои амрикоияш Борак Обама пас аз ду рӯз дар Кохи Сафед гуфтугӯи муҳимеро анҷом бидиҳад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!