Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:52

Парвандаи Шерик Карамхудоев ба суд ирсол мегардад

9 январ 2013, 09:46

Дар ин бора Шерхон Салимзодаи Одина, прокурори генералии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.

Ҷаноби додситони кулл гуфт, тафтиши парвандаи Шерик Карамхудоев, раиси бахши Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хоруғ алъон идома дорад ва рӯзҳои наздик он ба суд ирсол мешавад: “Вақте Карамхудоев дастгир карда шуд аз ӯ як автомат, як граната, ду магазин бо тирҳояш мусодира карда шуд”.

Бино ба қавли пурокурори генералӣ, Карамхудоев нишондод додааст, ки силоҳҳоро аз додари Имомназаров Имомназар (собиқ қумандон, ки тобистони соли равон дар Хоруғ ба ҳалокат расид) гирифтааст. Ҳамчунин, ӯ дар нишондоди худ қайд кардааст, ки яроқҳоро барои муҳофизати ҷинояткорон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайри қонунии ҷиноятӣ ва ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон додан гирифта будааст.

Ёдовар мешавем, ки Шерик Карамхудоев, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ рӯзи 24 июл, дар ҷараёни амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар маркази Бадахшон боздошт шуда буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!