Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:32

Теъдоди умумии гирифторони БНМО дар шимоли Тоҷикистон ба 908 нафар расид

10 январ 2013, 04:50

Дар Суғд 137 нафар беморони пайдошудаи норасоии масуният (БНМО) ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре ба Озодагон дар Раёсати  тандурустии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар соли гузашта дар ҳудуди  шаҳру навоҳии вилоят чунин миқдор беморони пайдошудаи норасоии масуният (БМНМ) ба қайд гирифта шудаанд: Аз инҳо 92 нафар мардон, 45 нафар занон  ва 8 нафарро кӯдакони ноболиғи то синни  14-сола ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, соли 2011-ум 213  бемори норасоии масуният ба қайд гирифта шуда буданд, ки нисбати соли сипаришуда 76 нафар зиёдтар мебошанд. Манбаъ мегӯяд,аз аввали пайдоиши ин беморӣ то имрӯз ( аз соли 2001) дар ҳудуди вилоят 908 нафар  беморони БНМО ба қайд гирифта шудаанд, ки 653 нафари онҳоро мардон ва 255 нафарашонро занон ташкил медиҳанд: «426 нафар  ё 46,8 %-и беморонро шахсони синну солашон 30-39 сола ташкил медиҳанд, 161 нафар ё 17,8 % -ро шахсони синну солашон 25-29 сола, 157 нафар ё 17,3 %-ро шахсони сину солашон 40-49 сола, 98 нафар ё 11,2 %-ро шахсони сину солашон 20-24 сола, 28 нафар ё 2,8 %-ро шахсони 50-59 сола ва 24 нафар кӯдакони то 14 сола

Аз  шумори умумии беморони пайдошудаи норасоии масуният (БНМО) (908) 223 нафари онхо фавтиданд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!