Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 22 июл 2017, 03:40

Дар Данғара барои ҳайвоноти нодир парваришгоҳ месозанд

10 январ 2013, 04:58

Дар ин бора Талбак Салимов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи ин сохтор иброз дошт.

Ба қавли ӯ, дар соли 2012 аз ҷониби кормандони кумита ва зерсохторҳо 24 309 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 беш аз 7 дарсад  зиёд мебошад: «Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 38 254 пешниҳоди иҷрояш ҳатмӣ дода, аз он 72,3% иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ мутаносибан 22,6% ва 14,4% зиёд мебошад. Фаъолияти 97 субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ муваққатан қатъ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 106% зиёд мебошад».

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар мавзеи Сайёди ноҳияи Данғара аз тарафи 31 хоҷагии ҷангал дар майдони 818,5 гектар ҷангал бунёд гардида, сабзиши ниҳолҳо ба ҳисоби миёна 83,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар минтақаи Тутбулоқи ҳамин ноҳия дар майдони 1000 гектар бунёди “Парваришгоҳ барои ҳайвоноти нодир” оғоз гардида, то имрўз зиёда аз 653 ҳазор сомонӣ маблағ азхуд шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!