Бахшҳо

Тақаллуби аснод дар Тоҷикистон дигар номумкин мешавад

16 нафар кормандони мақомоти интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон курсҳои бозомӯзии вижаро хатм карданд.


Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, Кен Гросс ин гурӯҳ кормандони вазорати умури дохила ва кумитаи давлатии амнияти миллиро бо хатми курси ташхис кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ махсус табрик намуд. Сафири Амрико афзуд, ИМА муносибатҳои худро бо Тоҷикистон  тақвият дода,  умедвори ҳамкориҳои давомдор ва дастовардҳои умумӣ аст. Афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташхис кардани тавсифҳои ҳуҷҷатҳои тағйирёфта, сохташуда ё дигар ҳуҷҷатҳои таққаллубиро омӯхтанд. Кен Гросс изҳор намуд, ки ташҳис  кардани санадҳои қалбакӣ  яке аз қисмҳои асоси идоракунии назорати сарҳадӣ ва пойсутуни муборизаи давлати Тоҷикистон дар муқобили терроризм ва нашъамандӣ аст.  Афсарони хати пеши сарҳад, амният ва милитсия бояд аз ӯҳдаи ҷилавгирии   террористҳо ва ҷинояткорон дар Тоҷикистон бароянд.

Курси омузишии ташхис кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ  дар соли 2011, дуюмин пружаи кӯмакдиҳӣ ба мубориза алайҳи терроризм (АТА) мебошад, ки аз ҷониби идораи амнияти минтақавии сафорати ИМА маблағгузорӣ шудааст. Аз соли 2002 то имрӯз беш аз 400 масабдорони ҳукумати Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзишии ширкат варзидаанд, ки аз ҷониби АТА ба ҳисоби беш аз 6 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Барномаҳои омӯзишӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир мегарданд. Гуфта мешавад, аз соли 1993 инҷониб мардуми  Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 984 миллион доллар таъмин намудааст.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)