Бахшҳо

Академияи илмҳои ҶТ аз дастури “нафақа” бехабар аст

Мактуби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар бораи ба нафақа фиристодани кормандоне, ки синашон аз 63 боло аст, ба Академия илмҳо нарасидааст.

Дар ин бора Кароматулло Олимов, ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон имрӯз, 10-уми декабр зимни як нишасти матбуотие, ки дар Душанбе баргузор гардид, иброз дошт.

Номбурда гуфт, Академия илмҳо хусусияти худро доро мебошад, як қисми мутахассисони он ба воситаи интихобот, директорон бошанд тибқи низомномаи нав аз тарафи ҳукумат таъин мегарданд: “Аз ин рӯ ба академия дар бораи сину сол, яъне ба нафақа фиристодан ҳукумат супориш надодааст. Он супориш то ҷое мо иттилоъ дорем дар соҳаҳои хидмати давлатӣ амалӣ шуда истодааст”.

Як корманди ин академия, ки нахост номаш зикр шавад, иброз намуд, ки  ин дастури ҳукумат набояд дар соҳаи маориф ва тиб, аз ҷумла Академияи илмҳо амалӣ шавад.
Зеро ба қавли ин масъули академия, агар ҳамаи духтурону кормандони ин соҳаҳоро ба нафақа гусел кунанд, Тоҷикистон ба бӯҳрони кадрӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Мунаввар Ахмедов, саркотиби Академияи илмҳо мегӯяд, тибқи қонуни  Тоҷикистон дар бораи Академияи илмҳои ҶТ ва ойинномаи Академияи илмҳо ин ниҳод  мақомоти олии илмӣ, худидоракунӣ дар кишвар мебошад ва он фармоише, ки бо имзои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ба тамоми вазорату идораҳо рафтааст, бештар ба роҳбарияти мақомотҳои давлатӣ дахл дорад.

Мавриди зикр аст, Дастгоҳи иҷроияи президент чанде қабл ба унвонии чанд вазорату идораҳои давлатии кишвар номае ирсол кард, ки тибқи он кормандони аз сини 63 сола боло бояд аз вазифа озод карда шаванд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)