Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 20 январ 2017, 04:28

Баррасии муомилоти ғайриқонунии нашъа миёни Тоҷикистону Афғонистон

11 январ 2013, 06:50

Як гурӯҳ намояндагони Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷиҳати боздид намудан аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти кишвар ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ин ҳайат дар Душанбе бо масъулини Агентии назорати маводи нашъаовар мулоқот намуданд ва зимни вохӯрӣ як қатор масъалаҳоро матраҳ карданд.

Бобоҷони Шафеъ, корманди дафтари матбуотии ин агентӣ дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ҷониби Афғонистон дар ҷараёни мулоқот бо директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон  масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доданд.  

Гуфта мешавад, ҳайати Афғонистон аз анбори нигаҳдории маводи мухаддири агентӣ дидан намуд ва бо фаъолияти шӯъбаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, ташхиси судӣ ва дигар воҳидҳои асосии он ошно гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Январ 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!