Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:12

Нахустмулоқоти Файзинисо Воҳидова бо хабарнигори зиндонӣ

21 июн 2011, 02:50

Барои нахустин бор вакили мудофеъи Ӯрунбой Усмонов бо хабарнигори боздоштшуда мулоқот доштааст.


Файзинисо Воҳидова, адвокати журналист пас аз боздидаш бо ӯ гуфтааст, вазъи саломатии Усмонов нигаронкунанда аст.Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир  асноди лозим барои озодии таҳти кафолати хабарнигори дастгиршудаи Бӣ-Бӣ-Сӣ омода гардида ва дар наздиктарин фурсат ба додгоҳ пешниҳод хоҳад шуд.

Бино ба қавли Файзинисо Воҳидова масъулини амниятӣ аснои кофтукоби манзили зисти хабарнигор ду китоб кашф ва мусодира кардаанд. Яке аз ин китобҳо, ки ба забони ӯзбакӣ навишта шудааст, асари бадеӣ буда ва муаллифи он худи Усмонов будааст ва ин асар ба қазияи ҷиноии зерҳимояаам иртибот надорад, афзудааст хонум Воҳидова.       Китоби дуввуме, ки мусодира шудааст, "Ҳизби Таҳрир - душмани Ислом" ном дорад ва мӯҳтавои он интиқод аз фаъолияти ин созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон иборат аст. Ӯрунбой Усмонов дар нахустин мулоқоташ бо вакили мудофеъи худ, аз бону Воҳидова чунин дархост кардааст: "Ба ҳамагон, дӯстон, расонаҳо, хабарнигорон, ҳамкорон, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ расонед, ки ман гунаҳкор нестам."{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!