Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 09:01

Беш аз 80.000 зани тоҷик дар муҳоҷират қарор дорад

11 январ 2013, 11:21

Соли 2012 аз Тоҷикистон 877 ҳазору 335 шаҳрванд ба хориҷа сафар намудаанд, ки аз ин теъдод 753 ҳазору 328 нафарашро мардон ва 124 ҳазору 7 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ дод, ки аз шумораи нафароне, ки ба хориҷа сафар кардаанд, 744 ҳазору 360 нафари онҳо муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, ки ин нишондод  85%  шумораи умумии шаҳрвандони ба хориҷа рафтаро ташкил медиҳад.

Номбурда мегӯяд, онҳое, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ сафар намудаанд, 657 ҳазору 345 нафарашон мард ва 87 ҳазору 15 нафарашон зан мебошанд.

Гуфта мешавад, Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки  рафтуомади ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ҳисоб мегирад.

 

 

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!