Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 22 январ 2017, 02:41

Дипломати покистонӣ Зарифиро ба Исломобод даъват намуд

14 январ 2013, 05:44

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо дабири хос- муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Покистон ҷаноби А.Б. Бабар, ки бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии кишвар, дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Вазъ дар Афғонистон, зарурати муборизаи муштарак ба муқобили терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва экстремизм аз масъалаҳои  буданд, ки дар ин вохӯрӣ миёни ҷонибҳо матраҳ гардиданд.

Гуфта мешавад, дипломати покистонӣ вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифиро аз номи ҳамтои покистониаш ба сафари расмӣ ба Исломобод даъват намуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!