Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:19

Шӯрои МН: Созишномаи сармоягузорӣ барои Тоҷикистон зарур аст

14 январ 2013, 07:50

Ду лоиҳаи қонуни мукаммал, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои МН баррасӣ гардид.

Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар иттилоъ доданд, тарҳи ин ду қонунро аисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ ва оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов муаррифӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур аз тарафи ҳукумат барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудаанд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад. Инчунин, вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян мекунад.

Лоиҳаи қонуни «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» бошад,  бо мақсади ба танзим даровардани раванди баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 4 боб ва 24 модда иборат буда, масъалаҳои баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ, шарту шароити сармоягузорӣ, молу мулкӣ, ҳифзи муҳити зист, қатъ намудани фаъолият, ўҳдадориҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро байни сармоягузор ва давлат ба танзим медарорад.  



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!