Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Сардори ШКД-и Шоҳмансур аз вазифа озод карда шуд

14 январ 2013, 09:23

Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки  Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Саидҷафар Холиқовро, ки вазифаи сардори шӯъбаи милитсия дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро ба ӯҳда дошт, аз вазифа сабукдӯш намуд.

Фармони аз вазифа озод шудани полковники милитсия Саидҷафар Холиқов  аз ҷониби Рамазон Раҳимов аз 11-уми январи соли равон баромадааст.

Сабаби аз вазифа барканор шудани Саидҷафар Холиқов шарҳ дода нашудааст.  

Аз вазифа озод шудани Саидҷафар Холиқов дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш, 8-уми январ Рамазон Раҳимов барои тавтиш кардан ба ҷузъҳои зертобеаш ғайримунтазира ташриф оварда, вазъи онҳоро мавриди санҷиш қарор додааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин санҷиши ногаҳонӣ камбудиҳои мухталиф, аз қабили таъминоти ғизо ва тозагии атрофи қисмҳои ҳарбӣ ошкор гардидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!