Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

69 корхона дар Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кард

14 январ 2013, 09:26

Дар Хуҷанд нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Тавре хабарнигори маҳаллии Озодагон иттилоъ дод, нишасти мазкурро мудири шӯъбаи иттилоотию таҳлилии ҳукумати вилоят- Илҳом Ҷамолов ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки  он ба  ҷамъбасти натиҷаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар соли 2012 бахшида мешавад.

Зимнан, раиси вилояти Суғд оид ба дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят  дар соли гузашта маълумот дода, аз ҷумла қайд намуд, ки  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  шоҳроҳи Душанбе- Чаноқ, кушодашавии нақби Шаҳристон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтани вилоят, дохил шудани  кишвар ба СУС , таҷлили ҷашнвораҳои  умумимиллӣ фаромӯшношуданӣ буданд.

Қоҳир Расулзода гуфт, нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 105,7 фоиз таъмин шуда, ба буҷет  766,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақ-шаи тасдиқгардида 41,5 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад: «Аз он ҷумла, нақшаи қисми даромади буҷетҳои маҳаллии вилоят низ барзиёд ба андозаи 105,6 фоиз таъмин гардида, воридоти он 725,3 млн. сомо-ниро ташкил дод, ки аз нақша 38,2 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 160 млн. сомонӣ зиёд аст. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 713,1 млн. сомониро ташкил дод».

-Талаботи  нафақа ва кӯмакпулиҳо ба санаи 3 январи  соли ҷорӣ 345,5 млн. сомониро ташкил намуда, он бо пуррагӣ  маблағгузорӣ гардид. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар давраи ҳисоботӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят аз ҷониби тамоми субъектони сармоягузории хориҷиву ватанӣ 122,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 5,5 фоиз зиёд аст,-афзуд райиси вилоят.

Дар нишаст ҳамчунин қайд гардид, ки аз 288 корхонаҳои саноатӣ 218 корхона ё ин, ки 75,7 фоиз вусъати афзоишро нисбат соли 2011 таъмин намуданд, 69 корхона нисбат ба соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намудаанд ва 1 корхона аз фаъолият бозмондааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!