Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:32

Иддаои ҷадиди ғарбиҳо:Сурия захираи уран дорад

14 январ 2013, 09:30

Рӯзномаи "Файнаншел Таймз" муддаӣ шудааст, ки Сурия захоири бузурге аз урани ғанишуда дар ихтиёр дорад ва ин амрро боиси нигаронии коршиносон донистааст.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", рӯзномаи англисии "Файнаншол Таймз"ба нақл аз коршиносони ҳастаии Амрико ва Ховари Миёна муддаии вуҷуди захоири бузурге аз урони ғанинашуда дар Сурия шуда ва нисбат ба ин ки ин захира дар маърази хатар қарор бигирад, ҳушдор додааст.

Пеш аз ин Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ мудаии вуҷуди таслиҳоти кимиёӣ дар Сурия шуда ва нисбат ба талоши давлати ин кишвар барои истифода аз ин таслиҳот ва ё ин ки ин таслиҳот ба дасти гурӯҳҳои террористӣ афтад, ҳушдор дода буданд. Ин иддао дар ҳоле матраҳ мешавад, ки давлати Сурия ин иддаоро рад карда ва ба кишварҳои ҷаҳон итминон дода буд.

Иддаои вуҷуди захоири урон дар Сурия  низ дар ҳоле матраҳ шуда аст,  ки давлати Сурия анҷоми ғанисозии уран ва фаъолиятҳои ҳастаӣ дар ин кишварро рад кардааст. Бо ин вуҷуд ҷангандаҳои исроилӣ дар соли 2007 манотиқе аз Сурияро ба баҳонаи ҳамла ба неруҳои ҳастаӣ  ҳадафи ҳамла қарор додаанд..

"Файнаншел Таймз" албатта навиштааст, ки ҳануз ба дурустӣ мушаххас нест, ки ин захоир дар Сурия вуҷуд дошта бошад, бо ин ҳол бозрасони оҷонси энергии ҳастаӣ эълон кардаанд, ки ин захоир дар сурати воқеӣ будан, барои сохти 5 кулоҳаки атомӣ кофӣ ҳастанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!