Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

300 мухлиси футбол дар ҳавлии як сокини Кӯлоб

21 июн 2011, 04:37

Тақрибан 300 нафарро ба ҳавлиям дароварданд ва баъдан як норинҷаки газиро тарконданд, ки дар натиҷа аз пои ростам чанд захм бардошта аз по афтидам, гузашта аз ин хонаам низ хароб гардид,мегӯяд Карим Гулмадов



Карим Гулмадов, як сокини шаҳри Кӯлоб иддао дорад, ки рӯзи 14-уми июн дар нисбаташ мақомот бадрафторӣ кардаанд. «Кормандони ОМОН ҳангоми бетартибиҳои  баъди бозии футболи шаҳри Кулоб тақрибан 300 нафар мухлисро ба ҳавлии истиқоматии ман дароварданд ва баъдан як норинҷаки газиро тарконданд, ки дар натиҷа аз пои ростам чанд захм бардошта, аз по афтидам ва гузашта аз ин хонаам низ хароб гардид», мегӯяд Карим Гулмадов, сокини кӯчаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб. Зимни сӯҳбат бо хабарнигори маҳаллии «Озодагон» номбурда афзуд, ки хонаи ӯ наздики роҳи мошингард, тақрибан дар фосилаи 500 метр ба варзишгоҳ мебошад, ки аснои таркиши норинҷаки омончиён фарзандон ва бародараш низ дар ҳавлӣ будаанд ва то ҳол аз садои баланд метарсанд.

Ба қавли Гулмадов, баъди аз по афтидан кормандони милиса ӯро ба мошинашон ба беморхона мебаранд. Гулмадов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки то ҳол касе аз масъулин ба воқеаъи ба сари ӯ омада таваҷҷӯҳ накардаанд. Ӯ мегӯяд, акнун кӣ ҷуброни зарари ҷисмонию иқтисодии ба сари ӯ омадаро мепардохта бошад?   Гулмадов афзуд, бигузор кормандони мақомоти интизомӣ, ки ба ӯ зарар расонидаанду хонааш хароб гардидааст, баробари ҷавонони мухлиси футбол ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Маврид ба тазаккур аст, ки аз ҳодисаи рухдода модари Карим Гулмадов низ тарсида, ҳоло вазъи саломатиаш нохуб аст.

Прокуратураи генералӣ ҳам дар ҷараён аст

Ин дар ҳолест, ки додситонии шаҳри Кӯлоб нисбат ба 8- тан аз мухлисони дастаи «Равшан» парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ашхос дар  бетартибиҳои шаби 14-уми июн,  пас аз бозии «Равшан»-у «Истиқлол»  рухдода гӯё даст доштанд. Ба иттилои ғайрирасмӣ, аз ҳамон шаб сар карда то  як чанд рӯзи дигар  кормандони мақомоти интизомӣ  бо истифода аз наворҳои сабт гардида,  беш аз 60 нафар  сокинони шаҳрро, ки  ба мухлисӣ рафта буданду  дар  бетартибӣ  бевосита иштирок карданд,  боздошт намуда  ба шӯъбаи корҳои дохила оварданд. Баъди тафтишот ва корҳои фаҳмондадиҳӣ  аксари  боздоштшудагон озод карда шуданд.Тибқи итилои прократура 5 нафар  аз боздоштшудагон бо моддаи 237 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ)  ва 3 тани дигар бо модаи 255, яъне барқасдона расонидани зарар  муттаҳам дониста мешаванд. Дар ин маврид тафтишоти пешакӣ ҳанӯз идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, корманди масъули додситонии шаҳри Кӯлоб, ки номаш махфӣ монд ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, қазияи бетартибиҳои пас аз футболи рӯзи 14-уми июн зери назорати бевоситаи прокуратураи генералӣ қарор дошта, нисбати кормандони низомӣ, ки болои  мухлисон пакетҳои газӣ партофтаанд низ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.

Ёдрас менамоем, пас аз бозии футбол дар рӯзи 14-уми июни соли равон, ки миёни тимҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе сурат гирифт, дар шаҳри Кӯлоб бетартибӣ сар зада, бойиси бархӯрди мухлисон ва мақомоти интизомӣ гардид. Тафтишоти қазияи мазкур алъон идома дорад.

{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!