Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:16

Толиб Айёмбеков беш аз 50 фоизи қарзашро баргардонид

14 январ 2013, 11:58

Дар ин бора Гулнора Ҳасанова, райиси “Амонатбонк” зимни як нишасти матбуотии созмонёфта, имрӯз (14-уми январ) дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.

Бону Ҳасанова афзуд, Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбеков, ки аз “Амонатбонк” дар чанд соли пеш барои пешбурди тиҷорату соҳибкорӣ дар қаламрави Бадахшон қарз гирифта буданд, қисме аз он маблағҳоро баргардониданд: “Ман боварӣ дорам, аз тарафи ин ду шахс дар рӯзҳои наздик ба воситаи фурӯши гаравҳо пурра ин қарзҳо пардохт карда мешаванд”.

Гулнора Ҳасанова ҳамчунин гуфт, соли 2008 дар мулоқоти сокинони ВМКБ  бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, ки “Амонатбонк” ба воситаи гарав ва нақшаи тиҷоратӣ ба Айёмбекову дигар мизоҷон қарз диҳад: “Онҳо ба   “Амонатбонк” дорухонаю қаҳвахона ва дороиҳои худро пешниҳод карда, ба миқдори 805 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанд. Феълан, худи қарздорон он гаравҳоеро, ки гузошта буданд, ба фурӯш баровардаанд ва қарзҳои “Амонатбонк”-ро баргардонида истоданд.

Маврид ба ёдоварист, пас аз ҳаводиси маълум дар шаҳри Хоруғ (21-27-уми июли соли 2012) изҳороти расмие аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар пахш гардида буд, ки собиқ қумандонҳои саҳроии Бадахшон- Толиб Айёмбеков, Имомназар Имомназаров, Ёдгор Шомусалламов ва Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров бо барнагардонидани маблағҳои қарзӣ ба ин бонки давлатӣ муттаҳам месохт.   


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!