Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:13

5800 километр роҳи «бесоҳиб» дар қаламрави Хатлон

15 январ 2013, 03:44

Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон тайи соли гузашта 3719 км роҳи нақлиётгард аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.  

Инчунин, дар 131 километри дигар таъмири асосӣ гузаронида шуд. Ғайбуллоҳ Афзалов, райиси вилояти Хатлон, ки дар нишасти ҷамъбастии солона гузориш медод, гуфт, бо дастгирӣ ва маблағгузории созмонҳои хориҷӣ дар вилоят 140 километр роҳи нав сохта  ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон, раиси вилоят афзуд, «ин амалро наметавон пешрафти соҳа унвон кард. Зарур буд дар ин маврид таъмир ва сохтмони роҳҳоро боз ҳам зиёд кард». Гузашта аз ин, ба иқрори ҷаноби Афзалов, дар ҳамаи вилоят 5800 километр роҳҳои нақлиётгард тамоман бесоҳиб мондаанд ва таъмиру барқарорсозии онро касе ба ӯҳда намегирад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!