Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:44

314 ҳолати ҷиноят миёни бонувони хатлонӣ ба қайд расид

15 январ 2013, 05:05

Додгоҳи вилояти Хатлон як бонуи рустабори данғарагиро бо ҷурми даст доштанаш дар қатли ҳамсар ва фарзандаш ба 25 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилоъе, ки дар суди вилоятӣ дар ихтиёри хабарнигори маҳаллии Озодагон гузоштанд, ин хонум Татяна Сергеева ном дошта, моҳи марти соли гузашта шавҳар ва кӯдаки сесолаи худро дар манзили зисташон оташ зада, ба ҳалокат расондааст.

Ҳамзамон, иттилоъ дода мешавад, ки дар соли 2012-ум дар қаламрави вилоят аз ҷониби занон 314 ҳолати ҷиноят  рух дода, бо ҳукми суд 13 нафари онҳо ба мӯҳлатҳои гуногун  зиндонӣ гаштаанд.

Инчунин, соли гузашта 136 ҳолати даст ба худкушӣ задани сокинон расман ба қайд гирифта шудааст, ки дар 80 ҳолат бонувон қасди ҷони худ кардаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!