Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:53

Суғду Бадахшон то ҳол ба ҷамъоварии полезиҳо шурӯъ накардаанд

21 июн 2011, 05:03

12 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон кишти полезӣ гузаронида шудааст.


То санаи 20-уми июн бошад, аз майдони 1251 гектар замин ҳосили ин навъи зироат ҷамъоварӣ карда шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати кишоварзӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд. Манбаъ афзуд, нақшаи истеҳсоли полезиҳо барои имсол ҳудуди 244 ҳазор тоннаро дар бар мегирад ва то имрӯз (9%)-и нақша иҷро карда шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли сипарӣ шуда зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 177 сентнериро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон ҳамагӣ дар майдони 8290 гектар кишти полезиҳо гузаронида шудааст, ки то имрӯз аз майдони 1251 гектар замин ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсолии солона бошад, 153950 тоннаро ташкил намуда айни замон (14%)-и нақша иҷро гардидааст. Дар вилоёти Суғду  Кӯҳистони Бадахшон ва навоҳии тобеъи марказ аз сабаби тафовути  иқлим ҷамъоварии полезиҳо то ҳол шурӯъ нагаштааст.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!