Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:42

Нусратулло Абдуллоев падидаи "нав"-ро мусбат хонд

16 январ 2013, 06:11

Раиси Суди олии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаҳо вобаста ба шиканҷа дар кишвар кам шудааст.

Бино ба қавли Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди олӣ дар соли гузашта дар маҷмӯъ 23 парванда нисбати 23 нафар дар мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбати соли 2011-ум 15 парванда кам аст.

Нусратулло Абдуллоев дар ҳоле парвандаҳои марбут ба шиканҷаро нисбати соли 2011 кам арзёбӣ мекунад, ки дар чанд моҳи ахир арзу шикоятҳои шаҳрвандон, хусусан волидайни бархе аз маҳбусон роҷеъ ба шиканҷаи фарзандонашон дар маҳбасхонаҳо зиёд ба назар мерасид.

Ҳамзамон, раиси Суди олӣ афзоиши арзу шикоятҳои шаҳрвандонро як амали мусбат хонд ва таъкид намуд, ки ин аз боло рафтани донишҳои ҳуқуқии онҳо дарак медиҳад.Бояд зикр намуд, шикоятҳои мардум ба додгоҳҳо дар соли 2012 нисбат ба соли 2011 ҳашт дарсад афзоиш ёфтааст.

Ба қавли номбурда, дар соли 2012 тақрибан  2 ҳазору 678 парванда баррасӣ шудааст, ки  1 ҳазору 188 ададаш ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, 361-тои дигар дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ ва 670  парванда ба амалҳои ҷиноятӣ тааллуқ доранд.












Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!