Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:55

Қисмати аввали ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон ба итмом расид

15 январ 2013, 08:56

Имрӯз, 15-уми январ, таҳти раёсати президент ва раиси ҳукумати кишвар, Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи ҳукумат дар Душанбе ба кори худ оғоз намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, зимни нишаст дастовардҳои соли 2012 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт: «Дар маҷлиси ҷамъбастии ҳукумати Тоҷикистон раёсат ва аъзои ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди президент, масъулони дастгоҳи иҷроия, роҳбарони мақомоти олии судӣ, прокуратураи генералӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, мактабҳои олӣ, бонкҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони расмӣ ширкат доранд».

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон дар сухани ифтитоҳии худ таъкид кард, ки "соли 2012  барои Тоҷикистон, новобаста ба бӯҳрони идомаёбанда дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар омилҳои берунаи манфӣ, соли рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ буд."

Сипас, Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар доир ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2012 ҳисобот дода, зикр сохт, ки "маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012 ҳамчун нишондиҳандаи асосии макроиқтисодӣ 7,5 фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2011 6,1 млрд. сомонӣ зиёд гардид ва дар маҷмӯъ ҳаҷми он ба 36,2 млрд. сомонӣ расида, ба ҳар як сари аҳолӣ 4700 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 17,7 фоиз зиёд аст."




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!