Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:35

Кӯлоб: Дарёфти ҷасади як зан баъди 3 рӯзи марг

15 январ 2013, 09:02

Кормандони раёсати корҳои дохилӣ (РКД)-и гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб ҷасади занеро ошкор намуданд, ки тибқи ташхисоти пешакӣ ҳанӯз 3 рӯз пеш ба ҳалокат расида буд.

Абдулваҳҳоб Искандаров, сардори РКД ба Озодагон гуфт, зӯҳри рӯзи 13-уми январ аз ҷониби кормандони ин раёсат дар наздики рустои Ғелоти ноҳияи Восеъ ҷасади зане дарёфт гардид: «Дар натиҷаи тафтишоти фаврӣ шахсияти майит ошкор гардид. Ӯ Насибаи Анварзода ном дошта,  22-сола, сокини ҳамин русто будааст. Тибқи шаҳодати волидон, Насиба 3 рӯз пеш бо нияти  нонпазӣ ба хонаи яке аз ҳамсояҳо равон шуда, дигар нобуд шудааст. Дар натиҷаи тафтишот муайян гардид, ки ӯ то ба хонаи ҳамсоя нарасидааст».

Оқои Искандаров  афзуд, тибқи ташхиси мутахассисон, дар бадани майит аломатҳои лату кӯб ва марги маҷбурӣ  ошкор нагаштааст. Гумон меравад, ин бону бо иллати беморӣ, дар роҳ ғалтида ба ҳалокат расидааст. Аммо дар ин маврид, ҳанӯз хулосаи  экспертиза набаромадааст.

Тайи соли 2012-ум дар ҳудуди шаҳру навоҳии Кӯлоб 87 нафар сӯиқасд ба ҷони худ карда, аз онҳо 39 нафар қурбон ва 48 тани дигар аз марг раҳидаанд. Аз шумораи ҷонбезорон, 41 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!