Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 12:44

92 %-и барқи ҷумҳурӣ дар Хатлон истеҳсол мешавад

15 январ 2013, 10:13

Тибқи иттилои аз ҳукумати вилояти Хатлон расида, нерӯгоҳхои барқии дар минтақа фаъолбуда, ҳамасола беш аз 16 миллиард квт/соат барқ истеҳсол мекунанд.

Гуфта мешавад, ин нишондод 92 фисади барқи умумии дар кишвар тавлидшаванда мебошад. Ба гуфтаи Ғайбуллоҳ Афзалов, раиси вилояти Хатлон,   аз ин, танҳо 1,9-миллиард квт/соати он барои ҳамаи 26 шаҳру навоҳии вилоят интиқол меёбаду бас.

Дар ҳамин ҳол, қарзи барқи истифодашуда аз ҷониби муштариён дар шаҳру навоҳӣ ҳамасола рӯ ба афзоиш дорад: «Танҳо қарзи идораҳои хоҷагии об аз шабакаҳои барқӣ дар вилоят зиёда аз 60 миллион сомониро ташкил медиҳад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!