Дар ин бора аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Бар пояи хабари манбаъ, боздиди Сергей Лавров аз Душанбе, имрӯз, 16-уми январ оғоз гардида, номбурда тай иду рӯз дар Тоҷикистон мемонад: « Сергей Лавров дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ва бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ, инчунин, бо якчанд мақомоти қудратии Тоҷикистон мулоқот анҷом медиҳад».
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Лавров бо мақомоти қудратии Тоҷикистон оиди Созишномаи пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, ки тӯли 20 сол дар Тоҷикистон мустақар аст, барои боқӣ мондани он ба мӯҳлати 30 соли дигар гуфтушунид анҷом медиҳад
Мӯҳр