Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:28

«Истиқлол» бозингари бразилиро интизор аст

16 январ 2013, 05:34

Ҳамлагари 33-солаи бразилӣ Виллер Соуза Оливейра (Willer Souza Oliveira ), ки дар дастаи «Анжӣ»-и Махачқалъаи Русия  баромад мекард, рӯзҳои наздик бо дастаи «Истиқлол»-и Душанбе шартнома мебандад.

Дар ин бора Муродҷон Умаров, менеҷери бошишгоҳи «Истиқлол» иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи Умаров, Оливейра аллакай барои гузаштан ба тими «Истиқлол» розигии худро додааст ва то моҳи март ба ҳайати даста шомил  мегардад. Ӯ зимни гуфтугӯи телефонӣ иброз доштааст, ки моҳи март ба Душанбе меояд.

Тахмин меравад, ки Оливейра дар дастаи «Истиқлол» таҳти рақами 8 ҳунарнамоӣ кунад.

Хотиррасон мешавем, ки Виллер Соуза Оливейра дар дастаҳои маъруф аз қабили «Анжӣ», «Луч-Энергия» ва чанд дастаи дигари Аврупову Бразилия ҳунарнамоӣ кардааст.

Маврид ба ёдоварист, чанде қабл қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон - дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода низ ду бозингари бразилиягӣ - ҳимоятгар Фабрисио Фрейтас, ҳамлагар Сантос Кардосо Элтон Луисро ба ҳайати дастаааш даъват намуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!