Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:03

"TOP-50": Радиои «Ватан» 50 хушсалиқаи Душанберо муаррифӣ мекунад

17 январ 2013, 06:06

Меҳмонхонаи «Хайят реҷенси Душанбе» мизбони расми бошукӯҳи тақдими диплом ба 50 хушсалиқаи Душанбе мешавад.

18-уми январ Радиои «Ватан» аз лоиҳаи «ТОП-50» натиҷагирӣ мекунад. Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои «Ватан» ба Озодагон гуфт, озмун Давоми чанд моҳ идома карда, барои  муаррифии лоиҳа ва номнависии беҳтаринҳо аз ҳама имкониятҳо истифода шудааст. «Шунавандаҳои Радиои «Ватан» беҳтарин номзадҳои худро ба озмун пешниҳод карданд. Пешниҳоди номзадҳо ҳам тавассути телефон ба радио ва ҳам аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Фейсбук сурат гирифт».

Номбурда гуфт, баъди пешниҳоди номзадҳо ҳайати ҳакамон, ки аз шаш нафари тахассуси гуногундошта иборат аст, беҳтаринҳоро интихоб карданд: «Вохӯриҳое, ки ҳакамон барои интихоби номзадҳо доир карданд, хеле шавқовар, пурбаҳс ва натиҷабахш буд. Ҳудуди 100 нафар дар руйхати аввалия аз ҷониби шунавандаҳо, хонандагони рузномаҳое, ки мо бо онхо ҳамкорӣ дорем ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуда буданд. Дар нишасти аввали худ, ки дар Радиои «Ватан» баргузор шуд, ҳакамон бо руйхат ошно шуда, бо тартиби овоздиҳӣ аз номзадҳои арзанда ҷонибдорӣ карданд ва як чанд нафарро ба руйхати асосӣ ворид сохтанд. Дар вохӯрӣ вобаста ба ҳар номзад маълумот пешниҳод мешуд ва услубу салиқаи хоссаи онҳо мавриди баҳсу таҳлил қарор мегирифт. Баъди ин вохӯрии рӯ ба рӯ пешниходҳову таҳлилҳо миёни аъзоёни ҳакамон ба воситаи Интернет оғоз шуд ва то охирин соатҳои пурра шудани рӯйхати асосӣ давом кард».

Мавриди ёдоварист, ин соли дуюм аст, ки лоиҳаи «ТОП-50» аз сӯйи ширкати ТВ ва Радиои «Ватан» гузаронда мешавад. Соли сипаришуда маросими муаррифии 50 хушсалиқаи Душанбе дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе» доир шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!