Сафири Британия дар Тоҷикистон, ҷаноби Робин Орд- Смит бо ғолибони озмуни «Бонуи соҳибкори сол «Фараҳ-2012» дар қароргоҳи душанбегиаш вохӯрд.
Тавре ба Озодагон аз сафорати мазкур иттилоъ доданд, дар ин нишаст дипломати англис дар мавриди дастоварду нақшаҳои ояндаи худ бо бонувони ғолиб аз бахшҳои мухталифи соҳибкорӣ сӯҳбат дошт.
Манбаъ афзуд, ҷаноби Робин Орд-Смит, баъдан, Замира Қаҳхорова, ғолиби кулли озмуни «Фараҳ-2012» дар соҳаи «Кишоварзӣ», Мутмусоева Умринисо, ғолиби бахши «Зебогӣ ва мӯд» ва Бобоёрова Сабоҳат, ғолиби соҳаи «Косибӣ ва ҳунармандӣ» – ро бо пирӯзӣ табрик гуфт. Ӯ иброз дошт, ким ан мутмаинам, шумо дар рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон аз ин ба баъд низ саҳми босазо хоҳед гузошт.
Мӯҳр