Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 19:37

Километри 518: 7 нафар бедарак, 3 тани дигар ҷароҳат бардоштанд

21 июн 2011, 05:36

Ҳафт нафар ҳалоку се тани дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.


Тибқи иттилои Нигора Солиева, як масъули дафтари матбуотии кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 20-уми июни соли равон, тақрибан соатҳои 9 дар километри 518-уми шоҳроҳи Хоруғ-Душанбе, воқеъ дар деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон  нақлиёти тамғаи «Хундай» ба садама дучор шуда, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Бар асари ин ҳодиса ҳафт нафар бе ному нишон гардида, се тани дигар ба касалхона интиқол ёфтанд.Тибқи фарзияҳои пешакӣ сониҳаи нақлиётӣ бар асари сангрезӣ ба вуқӯъ пайваста, сарнишини автомобил идораи нақлиётро аз даст додааст.

Айни замон дар маҳалли офат, ситоди вилоятии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амал карда истода, корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд, афзуд манюбаъ.{jathumbnail off}

 

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!