Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:55

МАГАТЭ дар меҳмонии Теҳрон

16 январ 2013, 10:54

Ҳайати коршиносони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барори барасиии масоили атомӣ вориди Теҳрон шуд.

Дар ин бора расонаи хабарии “ал-Арабия” иттилоъ дода, навиштааст, ҳайати мазкур, ки иборат аз ҳашт нафар мебошад, зери роҳбарии Ҳерман Накартс, муовини дабири кули МАГАТЭ қарор дошта, онро дар фурудгоҳи шаҳри Теҳрон Алиасғар Султония, намонядаи Эрон дар оҷонс пешвоз гирифт.

Бояд гуфт, коршиносони байналмилаӣ аз бархе муассисаҳои атомии Эрон боздид намуда, бо баъзе аз афрод низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон Ромин Меҳмонпараст аз сафари намояндагони оҷонси мазкур ба кишвараш ибрози хушҳолӣ намуда, гуфтааст: “Теҳрон барои расидан ба тавофуқи комил бо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ талош мекунад”.

Ёдрас менамоем, ки мооҳи декабри соли гузашта эълон гардида буд, ки интизор меравад, Эрон ва Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои ҳалли бархе аз масоил ба тавофуқ бирасанд. Вале Юкио Амано, мудири кулли ин оҷонс каме баътар аз нарасидан ба тавофуқ бо Эрон дар инбора хабар дод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!