Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ дар ҷумҳурӣ соли 2012 ҳудуди 5 тоннаю 978 кило грамм маводи нашъадор, аз ҷумла 515 килограмм, 630 килограмм, 4832 кило гурӯҳи канабис мусодира шудааст, ки нисбати соли 2011 беш аз 40 фоиз зиёд мебошад.
Тавре Бобоҷони Шафеъ, корманди масъули АНМН ба Озодагон иттилоъ дод, агар ҳаҷми мусодираи ҳероин дар соли 2012 дар кишварҳои Осиёи Миёна, Озарбойҷон ва Федератсияи Русия дар муқоиса бо соли 2011 коҳиш ёфта бошад, пас ин нишондод дар Тоҷикистон афзудааст.
Манбаъ инҷунин афзуд, ки дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба қочоқи нашъа 28 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дастгир шудаанд, аз ин ҷумла: 16 нафар аз Афғонистон, 5 кас аз Эрон, 2 нафар аз Ӯзбакистон, 2 кас аз Русия, 1 нафар аз ҷумҳурии Украина, 1 тан аз ҷумҳурии Қирғизистон ва 1 нафар аз Қазоқистон мебошанд.
Мӯҳр