Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:34

Нигаронии президент аз муносиботи хизматчиёни ҳарбӣ

17 январ 2013, 05:17

Арзу шикояти аскарон аз тарафи ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ сари вақт ва воқеъбинона баррасӣ карда намешавад.

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон аснои суханрониаш дар ҷаласаи васеъи ҳукумати кишвар дар ин бора иброз дошт. Президент бо такя ба маълумоти Вазорати мудофиаи гуфт, яке аз иллатҳои ба сифати паст ва бо кашолкорӣ анҷом ёфтани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар он аст, ки раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо вазифаи худро ба пуррагӣ иҷро намекунанд.

Ҳамзамон, президент афзуд, ки ҳанӯз ҳам дар қисмҳои низомӣ ҳолатҳои риоя накардани талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва дағалона вайрон гардидани муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ба назар мерасанд. Сипас, арзу шикояти аскарон аз тарафи ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ сари вақт ва воқеъбинона баррасӣ карда намешавад. Гузашта аз ин, ҳолатҳои аз ҳадди ваколати хизматии худ баромадани афсарон низ ба мушоҳида мерасад.

-Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва дигар сохтору мақомоти низомиро зарур аст, ки ҷиҳати аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ ба таври қатъӣ риоя гардидани интизоми хизматӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд,- таъкид кард Эмомали Раҳмон.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!