Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар соли 2012-ум 1062 ҷиноят расман ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба солӣ қаблӣ 5 ҷиноят камтар будааст.
Дар ин бора сардори Раёсати корҳои дохилӣ (РКД)-и гурӯҳи шаҳру навоҳии Кӯлоб, полковники милиса, Абдулваҳҳоб Искандаров зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бино ба қавли ӯ, аз ҳамин шумора 973 ҷиноят аз ҷониби кормандони милиса кушода шудааст, ки 92%-ро ташкил медиҳад.
Аз ҷумлаи ҷиноятҳои умумӣ, 167 адад ҷинояти вазнин ва 8 ҷинояти куштор будааст, ки ҳамагӣ ошкор гардидаанд. Ноболиғон дар ҳудуди минтақа ба 20 ҷиноят ва занҳо ба 63 ҷиноят даст задаанд.
Дар ҳамин ҳол, як тан аз кормандони шӯъбачаи шиносномадиҳӣ дар ноҳияи Восеъ бо ҷурми сохтакории хизматӣ даст ба ҷиноят задааст.
Мӯҳр