Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Ситоди шаҳрии нақлиётӣ дар Душанбе ҳамарӯза фаъолият дорад

21 июн 2011, 05:58

Бештари сокинони пойтахт хостори онанд, ки нархи равуо дар бархе аз нақлиёти мусофиркашӣ тағйир ёбад.


Аз  дархостҳое, ки то имрӯз ба мо расидааст,  мардум   тақозои онро доранд,  ки микроавтобусҳои 80 дирама  1 сомон нархгузорӣ карда шаванд ва нархи чиптаи автобусҳое, ки 1 сомонию 20 дирам аст,  80 дирам муқарар карда шавад, гуфт  сардори ситод, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Субҳон  Сафиаллоев. Номбурда ин ҳарфҳоро зимни  нишасти навбатии ситоди шаҳрӣ оид ба масоили нақлиёт дар ҳузури хабарнигорон ва масъулини ҳукумати пойтахт иброз дошт.     Ҳамчунин қайд карда шуд, ки  ҳамарӯза баъди ба тавсиб расидани қарори Раиси  шаҳри Душанбе  дар бораи боло бурдани нархи роҳкиро дар нақлиёти истифодаи умум гӯруҳи корӣ  дар роҳҳои пойтах ва байни ронандагон санҷишҳо мегузаронанд.

Натиҷаи  фаъолияти гурӯҳи кории якҷояи мақомотҳои марбутаи шаҳдории Душанбе «Оиди таъмини талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти  «№260 аз 30-уми майи соли ҷорӣ то имрӯз  натиҷаҳои зеринро нишон дод:  ронандаҳои бе литсензия 66- нафар, бе ҳуҷҷати ронандагӣ 17 нафар,  бе муоинаи техникӣ 35 нафар, бо носозиҳои техникӣ 5 нафар, интиқоли барзиёди мусофирон 17 нафар, чароғаки сурх 3 нафар, иваз кардани хатсайр 156 нафар, таваққуф дар ҷойҳои номуайян 92 нафар, бе тасмаи бехатарӣ 11 нафар,  манёвр 1 нафар, риоя накардан ба аломатҳои роҳ  5 нафар, истифодаи телефон аснои рондани мошин 3 нафар, итоат накардан ба мақомот  4 нафар, худсарона тағйир додани ҷои нишаст 1 нафар, баланд кардани мусиқӣ 1 нафар, суръати баланди ҳаракат 2 нафар, бе пардаи ҳимоявӣ 12 нафар, бо бори калонҳаҷм 10 нафар,  ҳолатҳои санитарию эпидемиологи   53 нафар ошкор гардидаанд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!