Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:50

«Пайёмак» ва ё ба истилоҳ SMS-и навбатӣ барои бастани Facebook ирсол шуд

17 январ 2013, 07:05

Барои бори дигар дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook тариқи бархе аз провайдерҳои интернетрасон маҳдуд гардид.

Дар ҳамин росто хабарнигори  Озодагон аз  Асомуддин Атоев, сарвари Академияи иттилоот ва коммуникатсияи Тоҷикистон суол кард, ки ин дафъа чӣ омиле боиси тасмими навбатӣ гардид? Оқои Атоев иброз дошт, ки дар ҳамин ҳол, барои бастани шабакаи иҷтимоии Facebook аз сӯи Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон пайёмак расидааст, аммо бештари ширкатҳо, аъзоёни Ассотсиатсияи провайдерони интернет мунтазири мактуби расмӣ мебошанд.

-Айни замон дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook тариқи провайдери «Истэра»  номумкин аст. Дар  мавриди баста шудани сайтҳои кишвар пайёмак наомадааст, лекин аз аз рӯи шунидам дастраси ба 4 сомона, аз ҷумла Озодӣ, Топ.тҷ ва дутои дигар бояд маҳдуд карда шаванд.”

Ёдовар мешавем, ки барои аввалин бор нест, ки чунин тасмим дар кишвари мо «роҳандозӣ» мешавад, вале имсол аз аввали соли равон шурӯъ гардид. Тайи соли гузашта,  дар Тоҷикистон дастрасӣ ба «Фейсбук» ду дафъа маҳдуд шуда, ҳудуди 30 сомонаи дигар то ҳол дар кишвар дастнорасанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!